Меню Закрыть

Абдурозиқ оиладор мешавад. Аксу Видео

Абдурозиқ Эгамов, блогер ва овозхони маъруф, ки дар сар то сари ҷаҳон машҳур аст оиладор мешавад.

Дар ин бора ӯ дар саҳифаи Инстаграми худ дар яке аз наворҳо гуфта буд.


Ин овозхони машҳури тоҷик дар Инстаграмаш хабар дод, ки 7-уми июл бо Амира ном ҷавондухтар аз Шарҷа хонадор мешавад.

Пас аз якчанд муддате барои исботи суханҳояш аксҳоеро гузошт, ки дар он Абдурозиқ ба дасти духтараке, ки либоси арусӣ дорад чала мепӯшад.

Ёдовар мешавем, ки ин сарояндаи хурдҷусса ба Испания ва дигар кишварҳои Аврупо рафта, ба ситораи ҷаҳонӣ табдил ёфта, тарафдорони зиёде пайдо кардааст. Ӯ имрӯз бо ситораҳои маъруфи Болливуд дар филму шоуҳо нақш меофарад.

Абдурозиқ зодаи шаҳри Панҷакент буда, 20 сол дорад.

ХАБАРҲОИ ДИГАР