Дмитрий Медведев даъват кард, ки «қабули кӯдакони муҳоҷирон, ки забони русиро намедонанд, ба мактабҳо қатъ карда шавад».
Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия дар ҷаласаи сиёсати давлатии муҳоҷират ҳамчунин гуфт:
- Лозим аст, ҳузури муҳоҷиронеро, ки барои амнияти кишвар таҳдид эҷод мекунанд, дар Федератсияи Русия пурра қатъ намоем;
- Муҳоҷирони дорои ихтисоси паст бояд танҳо барои давраи фаъолияти меҳнатӣ ба Русия ворид шаванд;
- Сиёсати муҳоҷирати Федератсияи Русия бояд ба манфиатҳои шаҳрвандони Русия ҷавобгӯ бошад, на манфиати давлатҳои хориҷӣ;
- Медведев даъват кард, ки «профили рақамии муҳоҷир» ба роҳ монда шавад, ки имкон медиҳад шахсияти хориҷиён дар саросари кишвар муайян карда шавад;
- «Бояд пеши роҳи ташаккули анклавҳои этникӣ дар Федератсияи Русия гирифта шавад, ки барои паҳншавии экстремизм заминаи мусоид фароҳам меоранд».