Меню Закрыть

Акнун баҷои «Запрет» танҳо ҷарима мекунан?!

Думаи давлатии Федератсияи Русия ислоҳотро барои иваз кардани ихроҷи муҳоҷирон бо ҷарима қабул кард.  Ҳамин тариқ, тағйироту иловаҳо пешбинӣ мекунанд, ки судя метавонад бо назардошти муносибат ба пардохти андоз, мавҷудияти манзил, рафтори қонуншикании шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, вазъи оилавии ӯ, давомнокии будубоши ӯ дар Федератсияи Россия хориҷ кардани шаҳрванди хориҷиро бо ҷарима иваз намояд.

Агар судя инро ба назар гирифта, ба хулосае ояд, ки хориҷкунии маъмурӣ аз Федератсияи Россия «маҳдудияти аз ҳад зиёди ҳуқуқ ва беэҳтиромӣ ба ҳаёти шахсии шаҳрванди хориҷи мешавад, ки ин ба ҳадафҳои ҷазои маъмурӣ номутаносиб аст», пас дар шакли ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи аз 40 то 50 ҳазор рубли руси ё кори маҷбурӣ ба муҳлати аз 150 то 200 соат ҷазо дода мешавад.

Ҳолатҳое истисно хоҳанд буд, ки муҷозот тибқи як қатор моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия вобаста ба тарғиби муносибатҳои ҳамҷинсгароӣ ва ё афзалиятҳои ғайрианъанавӣ, иваз кардани ҷинс;  таблиғи педофилия;  саркашӣ кардани шаҳрванди хориҷӣ аз депортатсия.

Тибқи ин тағйирот, судя ҳангоми таъини ҷазои маъмурӣ барои ихроҷи маҷбурӣ ё таҳти назорати мустақилона рафтани шаҳрванди хориҷӣ аз Федератсияи Русия ҳолатҳои дар боло зикршударо дар маҷмӯъ ба назар мегирад.

ХАБАРҲОИ ДИГАР