Пас аз маротибаи дуввум дастгир намудани блогери ҷавоне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои бадахлоқона паҳн менамуд, акнун ҷавонон поквиҷдон худашон чунин ба қавл «блогерон»-ро, ки наворҳои бемаъно ва бадахлоқона мебароранд гузошта хоҳиш кардаистодаанд, ки онҳоро низ ба ҷавобгарӣ кашанд.

Ин ҳамон наворе аст, ки бо гузоштанаш аз мақомотҳои дахлдор хоҳиш доранд, ки онҳоро низ ба ҷавобгарӣ кашанд.

Аз мақомотҳои дахлдор эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки нисбати ин нафароне, ки наворҳои дағалона сабт намуда дар саҳифаҳои интернети нашр менамоянд ҳарчи зудтар чорвҷуйи намоянд) Агар садди роҳи чунин блогерони дағалгуфторро ҳарчи зудтар нагиранд, ин метавонад ҳарчи зудтар зарари худро расонад! Ташакури зиёд.
Навишта шудааст дар зери навор.
Шумо дар ин бора чи фикру ақидаҳо доред?
Шахсан ба фикри ман ин барои ҷавонон як дарси ибрат мешавад ва дар оянда чанд маротиба фикру андеша мекунанд пеш аз ба навор гирифтан ва паҳн намудани чунин наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ.