Меню Закрыть

Ба Россия меоед? Чи кор бояд кард? Тамошо кунед ва ба фиреб наафтед!

Шумо бори аввал ба кишвари Руссия меоед? Дар ин кишвари бегона чи кор бояд кард? Чи гуна бояд дар ин ҷо рафтор кунем? Чи ҳуҷҷатҳо ба мо дар инҷо лозим мешаванд? Чи гуна ин ҳуҷҷатҳоро ба таври қон уни бигирем? Чи кор бояд кард, ки дар фиреби дигарон наафтем?

Ин ва дигар саволҳоро, мо дар мавзуи имрӯзаи “Маълумот” дида мебароем!

Шумо аз Тоҷикистон дар ҳавопаймо нишаста ба суи кишвари Руссия парвоз кардед, дар яке аз шаҳрҳои Руссия ба фуруд омадед, ҳоло аз ҳавопаймо набаромадаед, аз чи  оғоз бояд кард? Чигуна рафтор кард ва ба кадом ҳуҷҷатҳо бояд диққати ҷидди дод? Биёед дар мисоли шаҳри Санкт-Петербург дида мебароем!

Ҳангоми фуруд омадани ҳавопаймо мо бояд дар ҷоямон интизор шавем, то он даме ки ба мо иҷозати аз ҷой хестанро намедиҳанд.

Бори аввал ба Россия меоёд? Чи бояд кард? от Таджикистан 24 на Rutube.

Хулас мо аз ҳавопаймо баромадем. Сараввал шумо аз “Паспортный контроль” мегузаред, дар онҷо духтарони зебо бо либосҳои милисаги нишастаанд, онҳо аввал ба шиносномаи шумо назар мекунанд ва пасон ба чашмони шумо нигоҳи безеб мекунанд. Дар ин ҳолат тарсидан лозим нест, чунки онҳо ҳақиқи будани шиносномаи моро мебинанду, ва пасон барои мо “Миграционная карта” нависта медиҳанд.

Диққат, дар ана ҳамин ҳолат, ҳангоми гирифтани “Картаи Миграциони” мо бояд ҳушёр бошем, чунки аз ин вобаста аст ояндаи мо дар Руссия.

Дар “Миграционная карта” ному насаб, соли таваллуд, рақами шиноснома ва мақсади ба Руссия омадани мо навишта шудааст. Барои ба кишвари Руссия ворид шудан, мо бояд мақсади омадани худро ба онҳо бифаҳмонем. Яъне бо мақсади кори давлати, ё ин ки барои хондан, барои кушодани бизнес, барои истироҳат, бо мақсади шахси ва ё ин ки барои кору фаъолият, чи тавре ки дар халқ мегуянд “муҳоҷират”.

Агар мо фиреб карда ягон мақса   ди дигар, масалан “Истироҳатро” интихоб кунем ба мо барои кор кардан ҳуҷҷатҳои лозима, яъне патентро намедиҳанд. Аз ҳамин сабаб мо бояд ҷидди рафтор кунем.

Чуноне ки бисёриҳо барои кору фаъолият ба Руссия меоянд, мо интихоб мекунем мақсади омаданамонро “Работа”, яъне “Кор”. Давом медиҳем.

Пасон мо борҳои худро мегирему аз “Таможенный контроль” бо “Каридори сабз” гузашта ба берун мебароем!

Хулас мо аз фурудгоҳ баромадем. Ҳангоми ба шаҳр баромадан баъзеҳоро шиносҳояшон вомехуранду то ҷои лозимиашон бурда мерасонанд. Аммо онҳое ки бори аввал омадаанду бояд ба суроғаи муаян рафта расанд чи кор бояд кунанд? Ман ба шумо мегуям, аз ҳама осонтар ва арзонтараш ин тавасути такси ба суроғаи лозима рафта расед. Барои чи тавассути автобус не? Дар Тоҷикистон таксиҳо қимат ҳастанд ку, шояд дар инҷой ҳам қимат бошанд? Не бинандагони азиз, тавассути автобус дар шаҳрҳои калони Русия шумо худро гум мекунед, ва роҳкироаш низ 30 ё 50 рубл аз такси фарқ мекунад,  ин онқадар пули калон нест ки мо дар шаҳри бегона роҳро гум карда азоб бикашем. Бори аввал, то шаҳрро ёд гирифтан бо такси ба ҷои истиқомат рафта бирасем. Барои ин пешаки, ё ин ки тавассути вай-файи аэропорт дар телефони худ барномаҳои “Яндекс.Такси, Убер,  ва ё Гет.Такси”-ро установка карда аз аэропорт то ҷои истиқомататонро интихоб кунед. Дар ин ҳолат ин барномаҳо танҳо чиқадар дур будани роҳ ва чиқадар вақт дар роҳ сарф карданро нигоҳ мекунанду маблағашро зуд ба шумо мегуянд, яъне то наздиктарин метро шумо метавонед бо маблағи 80 ва ё 100 рубл рафта бирасед, дар шаҳрҳои хурд бошад боз ҳам арзонтар.

Пас аз он ки мо ба хона расидем, каме истироҳат мекунему пасон аз қафои ҳуҷҷатҳои лозима мешавем, то ин ки коргарони полис моро дар ин шаҳр азоб надиҳанд.

Барои мо аз ҳама пеш лозим аст “Медицинская страховка”, “регистрация” ва пасон “патент” барои кор. Чи гуна ва аз куҷо ин ҳуҷҷатҳоро бигирем, ки дар фиреби дигарон наафтем? Яъне, дар асл ҳастан одамоне ки, шуморо фиреб карда ҳуҷҷатҳои қалбаки медиҳанд ва бо нархи қимат. Ҳушёр бошед.

Барои онҳое ки дар шаҳри Санкт-Петербург қарор доранд, имконияти бештар аст. Чунки ман дар интернет бо як “организацияе” бо номи “Маркази кумак ба муҳоҷирон” шинос шудам, ки онҳо ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимаро ба мисли “Патент, Регистрация, РВП, Страховка” ва дигару дигарро ба таври қонуни ва бо нархи арзон  карда медиҳанд. Агар шумо ба онҳо бигуед ки аз видеои TAJLIFE ба онҳо занг мезанед, пас барои шумо нархашонро 500 рубл арзонтар мекунанд, ба ҳама суолҳои шумо посух мегардонанд, ва дар кадом ҳолат чигуна рафтор карданро низ ба шумо бо забони тоҷикӣ фаҳмонда медиҳанд — муфассал: http://truemigrant.ru

Онҳое ки дар дигар шаҳрҳо ҳастанд ва ё мехоҳан худашон ин ҳуҷҷатҳоро бигиранд, бо диққат хонед:

“Медицинская страховка”, бо забони тоҷики Суғурта-ро беҳтараш аз марказҳои хизматрасонии “Связной” бигиред. Чунки дар онҷо бо нархи арзон ва бе навбат шумо метавонед зуд коратонро иҷро кунед. Ин ҳуҷҷат барои мо бениҳоят лозим аст, чунки бо ин ҳуҷҷат беморхонаҳои шаҳр ба мо таври ройгон хизматрасони мекунанд. Ва дигараш он аст ки, бе суғурта мо дар шаҳр озодона гашта наметавонем, чунки коргарҳои пулис аз мо онро талаб мекунанд.

Ҳуҷҷати дигари “Временная регистрация», яъне бақайдгирии муваққати аст. Мо ин ҳуҷҷатро метавонем дар давоми як ҳафта ва танҳо бо ду роҳ бигирем:

Якумаш – мо метавонем дар ҳамон хонае ки истиқомат карда истодаем, бо ҳамроҳии соҳибхона ҳуҷҷатҳои ҳамон хонаро гирифта ба “Почтаи Россия” биравем ва ё ин ки ба “УФМС ва МФЦ” рафта худро дар қайди ҳамон хона бигузорем. Ин аз ҳама варианти осонтар ва арзонтараш аст.

Дуюм варианташ ин аст ки – мо худро дар қайди ягон корхонаи давлати мегузорем. Тамом бинандагони азиз, дигар роҳи гирифтани “Регистрация” вуҷуд надорад. Онҳое ки дар қади кучаҳо “Регистрация”-ро ба мо бо нархи арзонтар ва зуд пешкаш мекунанд ҳамаи онҳо қалбаки ҳастанд. Беҳтараш худатон аз паси ин кор шавед.

Дигари ҳуҷҷат ин “Патент” аст. Барои гирифтани “Патент” мо як моҳ муҳлат дорем. Чи ҳуҷҷатҳо лозим мешаванд ва ба куҷо бояд рафт? Ҳозир мефаҳмонам:

Мо аллакай “Страховка” ва “Регистрация”-ро дорем. Ҳардуи ин ҳуҷҷатҳоро гирифта паспорти хориҷии худро копия мекунем ва бо 4 дона сурати 3х4 ба “УФМС” меравем, дар онҷо ба мо чи кор карданамонро пурра фаҳмонда медиҳанд.

Яъне чи ҳуҷҷатҳо ба мо лозим мешаванд барои дар Руссия ба таври қонуни қарор доштан:

Якум – Медицинская Страховка, мо бояд онро аз ҳамон рузи омаданамон дошта бошем.

Дуюм – Регистрация, дар давоми як ҳафта мо бояд онро бигирем.

Ва сеюм – Патент, дар давоми як моҳ мо бояд ин ҳуҷҷатро дошта бошем.

Бо ҳамин тамом бинандагони азиз. Дар барномаҳои дигар дар бораи чи гуна гирифтани РВП ва Гражданстваи Россия бо шумо суҳбат мекунем. Барои ин дар шабакаи TAJLIFE дар YouTube подписатся кунед то ин ки хабардор бошед.

Онҳое ки ба Тоҷикистон рафтан мехоҳан – шумо метавонед дар сомонаи интернетии AVIA.TAJLIFE.TV билетҳои ҳавопайморо бо нархи арзон бубинед ва харидори намоед.

Бо шумо буд Матин Муҳиддинов, Хайр…

ХАБАРҲОИ ДИГАР