Блогери машҳури тоҷик бо номи Моҳира, ки дар Туркия зиндагӣ мекунанд дар Анталия ба садамаи вазнине дучор шудааст.
Ҳодиса 3 руз пеш рух додааст, санаи 23 апрел ва ба гуфтаи худи Моҳира дар ҳодиса ҳам автомашинаи сабукрав ва ҳам мототсикл иштирок доштаанд. Ронандаи мошинро дастгир намудаанд аммо ронандаи мототсикл аз ҷои ҳодиса фирор намудааст.
Дар натиҷаи садама Моҳираро тариқи автомашинаи ёрии таъҷили зуд ба беморхона интиқол дода ба ӯ ёрии аввалин дараҷаро расонидаанд.
Пас аз беморхона баромадан ӯ якчанд муддат мешавад, ки бо аробачаи маъюбӣ ҳаракат мекунад, чунки ба пойҳояш рост истодан беҳад душвор аст.
Айни ҳол ҳаракати ба пой рост истоданро дорад. Мегуяд, ки душвор аст, аммо «барқасти душманон» ӯ бояд худро ба пой рост кунад.
Мо дар навбати худ ба ин блогер-духтари ҷавон танҳо саломати хоҳонем. Бигзор зудтар сиҳат шуда боз барои мухлисони худ наворҳои ҷолибро пешкаш намояд.