Меню Закрыть

Блогери тоҷикро дар Русия дастгир карданд. Видео

Раиси Кумитаи тафтишотии Русия, Александр Бастрикин дастур додааст, ки наворҳои таҳқиромез ва бадномкунанда дар бораи духтарони русро дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳқиқ кунанд. Ин ниҳод дар нашру паҳни чунин наворҳо як зодаи Тоҷикистонро муттаҳам кардааст.

Ба иттилои ин ниҳод “дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот дар бораи наворҳои саҳнасозишудаи зодаи Тоҷикистон нашр шудааст, ки дар он духтарони рус масхара ва таҳқир мешаванд”
Бастрикин аз касе ном набурдааст ва маълум нест, ки манзури вай кадом наворҳо аст, аммо чанде аз расонаҳои Русия навиштаанд, ки гап сари видеоҳои нашркардаи як блогере меравад, ки дар наворе мегӯяд, духтарони рус омодаанд, бо аввалин нафари вохӯрдаашон дар хиёбон буса кунанд ва рақами телефонашонро ба ӯ бидиҳанд.

Сухан шояд дар бораи блогери тоҷик Раҷабзода Ҷумабой равад, ки ӯ айни ҳол дар шаҳри Маскав зиндагӣ ва кору фаъолият мекунад ва аллакай аз тарафи кормандони тафтишоти Русия дастгир шудааст.

Ғайр аз ин суҳбати телефонии ин блогер дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гаштаанд, ки дар онҷо Ҷумабой шаъну шарафи духтарони русро паст задаистодааст.

Умедвор мешавем, ки Раҷабзода хатогиҳои кардаашро мефаҳмад ва ба зуди ислоҳ мешавад, ки дар натиҷа ӯро раҳо мекунанд.

ХАБАРҲОИ ДИГАР