Меню Закрыть

Бозори Меҳргон — маркази воқеии ҳаёти шаҳр мебошад

Бозори Меҳргон кайҳо боз як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти Душанбе ва меҳмонони он шудааст. Ҷойгиршавиаш беҳад қулай аст, аз ҳамин сабаб тамоми саёҳонро ба худ зуд ҷалб мекунад.

Дар ин ҷо шумо навъҳои зиёди молҳоро пайдо мекунед: маҳсулотҳои тару тоза, мевагиҳои беҳад зебо, болаззат, сабзавотҳо ва аз он ҷумла меваҳои хушкшудаи табии, ки ҳамаи ин шириниҳо маҳсулоти Ватанӣ аст.

Ҳар яке аз ин маҳсулоти болаззатро метавонад дар қуттиҳои зебо бастабандӣ карда ҳамчун туҳфа ба шумо пешниҳод кунанд.

Ҳар як гӯшаи бозор пур аз фазои меҳмондустона аст ва фурӯшандагони он ҳамеша омодаанд дар интихоб ба шумо кӯмак расонанд.

Меъмории Меҳргон тарҳи замонавӣ ва нақшҳои миллиро ба ҳам пайваста, симои нотакроре эҷод мекунад.

Бозори Меҳргон на танҳо як макони хариду фурӯш аст. Ин маркази воқеии ҳаёти шаҳр мебошад, ки дар он анъанаҳо ва талаботи замонавӣ бо ҳам пайвастаанд ва ҳар як меҳмон худро аъзои як қисми оилаи калон ва дӯстона эҳсос мекунад.

ХАБАРҲОИ ДИГАР