Бисер нафарон аз шаҳри Исфара бо ирсоли ин навор ба мо навишта истодаанд, ки аз мақомотҳои дахлдор хоҳиш намоем, то ин ду духтароне, ки як духтарро бераҳмона латукӯб карда ба дарё мепартоянд ба ҷавобгари кашида шаванд!
Кай сабт шудааст маълум нест, вале ба гуфти сокинони Исфара ин навор имрӯз 17.12.2022 пас аз нисфирӯзӣ дар гурӯҳҳои Ватсапи Исфара паҳн шудааст. Барои чи латукӯб карданд маълум нест.
Ташвишовар он аст, ки одамон ин ҳодисаро дида кӯмак намекунанд.
Диққат! Эҳтимол духтарон ноболиғ ҳастанд. Бо ҳамин сабаб мо ба хулосае омадем, ки наворро махсус хира гардонем то ки рӯи духтаронро шинохта нашавад!