Дар соли 2025 дар Маскав ба шаҳрвандони хориҷӣ кортҳои электронии шахсият дода мешаванд, ки дар он тамоми маълумот дар бораи шаҳрванди ташрифоварандаро дар бар мегирад, гуфт раиси пойтахт Сергей Собянин.
«Аз соли оянда мо дар доираи таҷриба дар асоси қонуни федералӣ шиносномаи электрониро барои муҳоҷирон ҷорӣ хоҳем кард. Ҳама маълумот ба шиносномаи электронии шаҳрванди хориҷӣ ворид карда мешавад: кай омадааст, маълумотҳои биометрӣ, дар куҷо кор мекунад, дар куҷо сабти ном шудааст ва ғайра”, — нақл мекунад ба ТАСС Собянин.
Ба гуфтаи ӯ, пулис ҳангоми гузаронидани рейдҳо дастгоҳи махсусе хоҳад дошт, ки тавассути он ин маълумотро тафтиш мекунанд. Вай афзуд, нахуст шиносномаҳои электронии муҳоҷирон санҷида мешаванд.
«Бо сабти ин маълумот дар гаҷети худ, пулис наметавонад муҳоҷирро раҳо кунад: агар сурх фурӯзон шавад, вай дар ҷустуҷӯ қарор дорад ва ё инки режими муҳоҷиратро вайрон кардааст.”, — қайд кард раиси шаҳр.