Меню Закрыть

Давлатманд Холов дар синни 74-солаги даргузашт

Овозхони маъруфи тоҷик Давлатманд Холов рӯзи 18-уми феврал дар синни 74 -солаги аз олам чашм пушид. Худованд рахмат ва макони охираташро обод гардонад.

Саҳифаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар Фейсбук навишт, ки «тайи чанд муддати охир дар бистари беморӣ буд». 

Давлатманд Холов

Барои ташхису табобат ба кишварҳои гуногун бурданд. Ду-се рӯз пеш аз Маскав ба Душанбе оварда, дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ карданд. Дар ҳамонҷо даргузашт.

— гуфт яке аз мусоҳибон бо журналист.
Давлатманд Холов

Яке аз наздиконаш хабар дод, ки маросими видоъ бо ҳунарманд ва дафни ӯ рӯзи 19-уми феврал баргузор хоҳад шуд.

ХАБАРҲОИ ДИГАР