Меню Закрыть

ДЕПОРТ БО ЯК ГУНОҲ 🤔

Думаи давлатии Федератсияи Русия дар нахустин қонуншиканӣ ихроҷи муҳоҷирон аз Русияро пешниҳод кард.

Онҳо мехоҳанд қонунеро ислоҳ кунанд, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз кишвар ихроҷ мешаванд.

Тибқи ин қонун айни ҳол муҳоҷирон бояд дар давоми як сол на зиёда аз ду қонуншикании маъмурӣ дошта бошанд ва дар давоми 2 сол на зиёда аз се қонуншиканӣ.

Аз рӯи пешниҳоди нав бошад акнун муҳоҷиронро метавонанд, ки дар як қонуншикании маъмурӣ ба зуди «депорт» ихроҷ кунанд.

Депортатсияи фаврӣ барои вайрон кардани низоми сарҳади давлатӣ, кори ғайриқонунӣ, вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират ё мӯҳлатҳои дархост барои патент сурат мегирад.

ХАБАРҲОИ ДИГАР