Меню Закрыть

Депортатсия шудан нахоҳед, зудтар худро дар қайд гузоред!

Вазорати корҳои дохилии Россия низоми махсуси депортатсияро роҳандозӣ намуда, зиёда аз 120 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба “Рӯйхати шахсони назоратшаванда” дохил кардааст.

Руйхатро бинед:

Шаҳрвандоне, ки дар ин рӯйхат қарор доранд, бояд то 5- феврали соли 2025 ба мақомоти дахлдори муҳоҷирати ФР муроҷиат намуда, худро ба қайди қонунӣ гиранд ё қаламрави ин давлатро тарк намоянд. Дар сурати дар муҳлати муайяншуда ба қайди қонунӣ нагирифтан онҳо ба таври автоматӣ ба рӯйхати шахсони ихроҷшаванда (депортатсия) ворид гардида, ҳуқуқи рафтан ба ин давлатро аз даст медиҳанд.

Дар робита бо ин масъала Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон агар шаҳрвандоне, ки дар руйхати мазкур қарор дошта, бо хоҳиши худашон қаламрави Россияро тарк намудаанд, ихроҷ (депортатсия) шудаанд ё дар қаламрави Тоҷикистон ё дигар давлат қарор доранд, хоҳиш намудааст, ки нусхаи шиносномаи хориҷии худро бо нишон додани муҳри убури сарҳад бо мақсади аз рӯйхати мазкур баровардан ба мақомоти муҳоҷирати ҷойи зисти худ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.

Шумо дорои душаҳрвандӣ- Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бошед ё қонунӣ фаъолияти меҳнатӣ менамоед ва дар рӯйхат қарор доред, ҳатман нусхаи шиносномаи худро ба Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират пешниҳод намоед.

Шаҳрвандоне, ки дар қаламрави ФР қарор доранд, метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ФР оид ба муҳоҷират тавассути телефонҳои дар зер нишон дода шуда, муроҷиат намоянд.

Барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ аз сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj маълумот гиред.

Саҳифаи аслии руйхат:
https://mehnat.tj/tg/news/dt/88f15f61-186e-43f0-a051-83f341ca10d5

ХАБАРҲОИ ДИГАР