Меню Закрыть

Духтари тоҷик дар Русия ба худкушӣ даст задааст

Имрӯз соати 12 дар мазори шаҳри Чехови Руссия ҷанозаи Каримова Раҳимахони 20 сола, ки аз шаҳри Исфара мебошад баргузор мегардад.

Раҳимахон, ки дар донишгоҳи Руссия таҳсил мекард, худро зери чархҳои қатора (электричка) партофтааст, ки дар натиҷа ҳалок шудааст.

Ба гуфти наздиконаш сабаби ба ин кор даст задани Раҳима дар он будааст ки як тоҷики шахсияташ ҳоло барои тафтишот номаълум аз номи Раҳима дар интернет саҳифа кушода ба мардон алоқаи ҷинсӣ пешниҳод мекардааст ва ҳамчунин бо ёри барномаҳои махсус тани Раҳимаро луч карда ба интернет паҳн мекардааст. Бо ин намуд ба гуфти русҳо Раҳимаро Шантаж мекардааст. Дар охир Раҳима ба ин ҳама туҳматҳо тоб оварда натавониста даст ба худкуши задааст. Як чанд нафар ҳамкурсон ва дӯстони Раҳима тасдиқ карданд ки духтари хоксору бомаданият буд.

Тафтишот дар Руссия рафта истодааст. Наздикони Раҳима аз мақомотҳои Тоҷикистон низ хоҳиш карданд ки барои дарёфт ва ҷазо додани ин ҷавони тоҷик кӯмак кунанд.

ХАБАРҲОИ ДИГАР