Дар наворе, ки ба мо равон кардаанд дида мешавад, ки дар яке аз мағозаҳои «Гипрозем»-и шаҳри Душанбе чигуна се зани рӯймолпуш аз кисаи як марде, ки ӯро иҳота кардаанд моҳирона пулҳояшро медузданд.
Марде, ки дар сараш «кепка» дорад пас аз харид карданаш пулҳояшро ҳисоб карда дар кисааш мегузорад ва пасон чизҳои харидаашро гирифта баромадани мешавад, ки дар ҳамин ҳолат яке аз занҳо моҳирона аз кисааш пулҳояшро кашида мегирад ва ба дигар зан медиҳад.
Аз рӯи гуфтаҳо тақрибан 2000 сомони маблағ дар кисаи мард будааст, ки ҳамаашро ин занҳои рӯймолпуш рабудаанд.
Аз рафторашон маълум аст, ки онҳо дуздҳои таҷрибадор мебошад ва шояд чанд нафари дигаре аз дасти онҳо осеби вазнин дидааст.
Дар ҳолате, ки агар онҳоро шионохтед зуд ба милиса муроҷиат кунед ва дигаронро аз дасти ин занҳои дузд раҳо намоед.