Меню Закрыть

Фарзанди апаашро латукӯб мекардааст. Видео

Дар расонаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар пасманзари он зане лату куби фарзандашро бо шикоят ва холати ногувор ба намоиш гузоштааст ва ин навор вокунишҳои зиёдро ба бор овард.

Бо гузаронидани чорабиниҳои махсус аз ҷониби кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин ҳолат шаҳрванд Шарифов Муҳаммад Диловаршоевич, соли таваллудаш 2004, сокини ш. Душанбе, н. Сино, кучаи Арбобхотун, муайян ва боздошт карда шуд.

Фарзанди апаашро латукӯб мекардааст. Видео

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки бо ҷой доштани муноқишаҳои оилавӣ тули яксоли охир дар ин оила 26.02.2024 тахминан соати 18 шаҳрванд Шарифов М.Д ҳангоми ба амал омадани муноқишаи навбатӣ бо апааш Саёҳати Д., соли таваллудаш 19.08.1992 дар сари қаҳру ғазаб фарзанди ноболиғи ӯ Раҳмонов С., соли таваллудаш 2010-ро мавриди лату куб қарор додааст, ки дар натиҷа ноболиғ Раҳмонов С., ҷароҳатҳои ҷисмони бардоштааст.

Санҷиш аз руи ҳолати мазкур идома дорад.

Манбаъ: РВКД шаҳри Душанбе

ХАБАРҲОИ ДИГАР