Вақтҳои охир ҳодисаҳои қаллобӣ дар мессенҷери Telegram зери ниқоби “тӯҳфа” дар шакли обуна ба Telegram Premium бештар шудааст.
Ба шаҳрвандони Тоҷикистон паёмҳои оммавӣ фиристода мешаванд, ки гӯё дӯсташон ба онҳо обунаи солонаи Telegram Premium додааст. Ин паём бо истиноди (ссылка) фишинг ҳамроҳ мешавад ва аз шумо хоҳиш мекунад, ки тӯҳфаро фаъол созед. Ҳангоми пахш кардани истинод қаллобон ба ҳисоби корбар дастрасӣ пайдо мекунанд.
Истинодҳои зараровар метавонанд дорои вирусҳое бошанд, ки ба қаллобон имкон медиҳанд, ки маълумоти корти бонкӣ ва саҳифаҳои Телеграмро дар дастгоҳҳои ҷабрдида дузданд ва инчунин ба ҳамаи тамосҳои корбар паёмҳои шабеҳ фиристанд.