Маркази матбуоти раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шоми 23 январи соли 2024 аз боздошти се ҷавонзан бо иттиҳоми майдаавбошӣ ва ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудани ҳарсеи онҳо хабар дод.
Дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, аз ҷониби кормандони милитсия Пирова Мадина Сафаровна, санаи таваллудаш 17.05.1997, Ҳасанова Таманно Сафаровна, санаи таваллудаш 28.07.1999, истиқоматкунандагони шаҳри Турсунзода ва Қурбонова Фархунда Шарифбеговна, санаи таваллудаш 2.08.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор дастгир карда шуданд.
Худи ин се ҷавонзан барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсияи Душанбе гуфт, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ин се нафар санаи 16-уми январи соли ҷорӣ, ҳангоми дар дохили маркази дилхушии «Сайёра», воқеъ дар кӯчаи Яккачинор қарор доштан, нисбат ба муҳофизони тарабхонаи мазкур дашному ҳақорат намуда, бо алфози кабеҳ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.