Меню Закрыть

Илон Маск роботи нави Tesla-ро намоиш дод. Вай рақс мекунад ва дар ошхона кӯмак мерасонад

Ширкати Tesla роботи насли нави инсонии худро баровард, ки нисбат ба прототипҳои қаблӣ хеле фаъолтар шудааст. Видеоеро, ки қобилиятҳои дастгоҳро намоиш медиҳад, роҳбари ширкат Илон Маск дар саҳифаи X-и худ нашр кардааст (пештара Твиттер).

Истеҳсолкунандаи мошинҳои электрикӣ чандин сол боз роботҳои дупояро таҳия мекунад. Моҳи августи соли 2021 амрикоиҳо лоиҳаеро бо номи Tesla Bot муаррифӣ карданд ва дар моҳи сентябр прототипи Tesla Optimus-ро ба мардум нишон доданд. Ҳоло Маск роботи комилан наверо бо номи Tesla Optimus Gen 2 намоиш дод.

Роботи нави Optimus Gen 2 бо таҳияи системаҳои идоракунии автоматии мошинҳои электрикии Tesla, ки худи Илон Маск онро «роботҳои чархдор» меноманд, зич алоқаманд аст. Ин системаи тағирёфтаи Tesla Autopilot аст, ки ба маҷмӯи мураккаби радарҳо, камераҳо ва сенсорҳо асос ёфтааст, ки ба Робот имкон медиҳад, дар роҳ ҳаракат кунад ва бо дигар ашёҳо алоқа дошта бошад. Ин Роботҳо метавонанд корҳои мушкилро, ки ба одамон душвор аст иҷро намоянд.

ХАБАРҲОИ ДИГАР