Меню Закрыть

Ин духтарро барои дар Инстаграм суратҳои беодобона монданаш дастгир намудаанд

Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар ш.Душанбе дар натиҷаи баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, Мирзоева Султонбахт соли таваллудаш 1995-ро дастгир намуданд.

Номбурда дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм», саҳифаи худро таъсис дода, бо мақсади зиёд намудани шумораи обуначиён расму наворҳои нимурёну ғайриахлоқии худро мунтазам нашр кардааст.

Нисбаташ маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардид.

Пас аз якчанд муддати дастгир шуданаш аз саҳифаи инстаграмаг, ки зиёда аз 260 ҳазор обуначи дорад тамоми аксу наворҳояш пок карда шудаанд.

ХАБАРҲОИ ДИГАР