«Бачат тарсид, Рухшона» — танҳо ҳамин ҷумларо фаҳмидан мумкин аст, дигар суханҳояшон умуман нофаҳмо ва аниқ маълум нест, ки бо кадом забон байни ҳам меҷанганд.
Дар наворе, ки ба мо равон карданд дида мешавад, ки чигуна 3 зани муҳоҷир бо як кӯдаке дар аробачаи кӯдакона дар дохили метрои шаҳри Маскав сараввал бо ҳам сӯҳбат доранду ва пасон байни ду нафари онҳо муноқиша рӯх медиҳад.
Яке аз занҳо аробачаи кӯдаконаро сар дода ба дигараш ҳуҷум мекунад бо суханҳои нофаҳмо, гуё ки «Якта мана мепарони» мегӯяд, ва ё «Якта мана метарсони»?! Хулоса аниқ шунидан номумкин аст.
Аз рӯи фикру ақидаҳо шояд онҳо ҷӯгиҳое бошанд, ки вақтҳои охир дар баъзе шаҳрҳои калони Русия дида мешаванд, ки бо кӯдаконашон дар бозорҳои тоҷикона ё назди масҷидҳо талбандаги мекунанд.