Чанд рӯз мешавад, ки наворе дар торномаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад, ки дар он ҷавоне ғарқи хун дар рӯи замин хоб аст.
Сабаб ва шахсияти ин ҷавон айни ҳол маълум нест, вале баъзеҳо дар зери навор навиштаанд, ки ин ҳодиса аз пушти пул рӯх додааст.
Зане, ки ин наворро гирифтааст, мегӯяд, ки ин ҷавон тоҷик мебошад ва ӯро паррондаанд. Гӯё ин ҳодиса дар Туркия рӯх додааст.
Мо натавонистем, ки аз дигар нафарон оиди ин ҳодиса маълумот гирем. Агар шумо дар ин бора ягон маълумоте дошта бошед пас фикрҳоятонро ҳатман дар зер нависед, зеро тоҷик будани ин ҷавонро ҳоло ягон мақомоти Туркия расман тасдиқ накардаанд.