Дар Набережные Челни муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ модари як ҷавони русро барои ним миллион рубл кушта ва пора-пора кардаанд.
Ҷавони рус аз дигар шаҳр барои дидани волидонаш мақсади ба хона баргаштанро дошт. Чанд рӯз пештар модараш ба ӯ навишта буд, ки аз падараш ҷудо шудан мехоҳад, барои он ки ба як ҷавони муҳоҷир бо номи Юлдошбой ошиқ шудааст, ва аз фарзандаш хоҳиш кардааст, ки барои махкам кардани қарзҳояш ба ӯ 450 ҳазор рубл гузаронад. Фарзандаш маблағро гузаронд.
Ҳангоме, ки ҷавони рус ба шаҳри худ бармегардад ӯро дар хона танҳо падар ва бародараш интизор буданд, модараш дар хона набуд. Онҳо ҷустуҷӯйро оғоз карданд — аввал дар ҷои кор, баъд ба манзили иҷорае омаданд, ки Модараш дар онҷо бо як муҳоҷири бекори Тоҷикистон зиндагӣ мекард, аммо дар онҷо низ ӯро наёфтанд.
Танҳо пас аз муроҷиат ба пулис маълум шуд, ки ду шаҳрванди Осиёи Марказӣ рӯзи 22 декабр аз даромадгоҳи як манзили иҷора бо халтаҳои калон берун омада, ба канализатсия партофтаанд. Муфаттишон маълум карданд, ки яке аз бачаҳо ошиқи зани гумшуда — Юлдошбойи 22-сола будааст. Ҳамроҳи бародараш Охонҷон ин занро кушта, пора-пора карда, сару пояшро буридаанд. Гуфта мешавад, ки ҷинояткорон аллакай кишварро тарк кардаанд.