Саломи худро мерасонам ба бинандагони барномаи “Маълумот” дар шабакаи TAJLIFE.
Дар мавзӯи имруза мо дар бораи маънои калимаҳои “Чурка” ва “Хач” суҳбат мекунем. Ин калимаҳо чи маъно доранд? Бо кадом мақсад ин калимаҳоро ба забон мегиранд? Барои чи мо дар Руссия ин калимаҳоро бештар мешунавем?
Биёд якҷоя кушиш мекунем, ки тавассути маълумотҳои озод ва ба ҳама дастрас дар интернет ба ин суолҳо посух биёвем!
Тасавур мекунем, ки ҳоло нафаре ки ин наворро тамошо дорад дар Руссия аст. Ҳангоме ки дар қади куча меравем, ва агар ягонкас бо мо Хач ва ё Чурка гуфта муомила кунад агар, мо зуд хашмгин мешавем, кушиш мекунем ки бо дашном ҷавоб бидиҳем, ва ҳатто ба ҷанг мехезем бо он нафар.
Калимаҳои Чурка ва Хач чи маъно доранд? Этимология слов Чурка и Хач. от Таджикистан 24 на Rutube.
Аз як ҷиҳат дуруст аст, мо бояд нагузорем, ки бо мо бо калимаҳои таҳқиркунанда суҳбат кунад. А ммо, шумо ягонбор ба худ савол додаед, ки барои чи калимаҳои Чурка ва Хач ба м о бояд сахт бирасанд? Барои чи мо ин калимаҳоро ба худ мегирем ва зуд хашмгин мешавем? Неъ! Бисёриҳо ба худ ин суолҳоро надодаанд, ва хатогии бузург мекунанд.
Хусусан ман ба ин калимаҳо онқадар диқати ҷидди намедиҳам, ва ҳангоми шуниданаш низ хашмгин ҳам нам ешавам, чунки ман маъно ва таърихи аз куҷо пайдо шудани ин калимаҳоро бисёр нағз медонам. Ва агар нафареро бинам, ки ин калимаҳоро ноҷо истифода мебарад, ба ягон халқ ва ё пусти бадани одам якҷоя карда мегуяд, у дониши пасти нишон медиҳад, ба одами бесавод аҳамият дод ан ва баҳс к ардан лозим нест!
Калимаи “Чурка” ин шакли бо мурури замон тағйир ёфтаи калимаи “Чурек” аст.
Чурек ин нони Кавкази аст. Ба монанди “Лаваш”, читавре ки дар мо мегуянд “Нони бозори”.
Яъне сабаби пайдоиши ин калима дар он аст ки, дар вақташ Кавказҳо нонро бо номи “Чурек” дар бозорҳои Россия мефурухтанд, ва аз ҳамин сабаб одамон бо мурури замон ин калимаро иваз карда истифода мебурданд. Чунки “Чурка” гуфта дар забони Руси боз дарахти барои ҳезум буридаро низ меноманд. Аз он сабабе ки ҳардуи ин калимаҳо ба ҳамдигар монанд ҳастанд, баъзе ҷавонони нофаҳм ҳардуи ин калимаро якто карда ба таври нодуруст истифода мебаранд.
Чихеле ки мо шоҳид гаштем ин калима ягон маънои бад надоранд. Маънояш нон ва ё ҳезуми дарахт мешавад, ки ҳардуи ин неъмати Худованд ҳастанд. Мо бояд ба ин калима аҳамияти ҷидди надиҳем.
Акнун мегузарем ба маънои калимаи “Хач”.
“Хач” ин калимаи Армяни аст, ба забони руси “Крест” мешавад, ва дар забони тоҷики ҳамчун “Салиб” истифода мебаранд.
Яъне “Крест” гуфта “Хрестианин”-ро дар назар доранд. Вақте ки Армянҳо дини Хрестиани-ро қабул карданд, онҳо дар гардашон Крест мегардонданд, ва ба забони худашон онро “Хач” мегуфтанд. Аз ҳаминҷо калимаи “Хач” пайдо шуд. Ва ин калимаро дар байни худ истифода бурдан мегирифтанд.
Чи тавре ки мо шоҳид гаштем, калимаҳои “Чурка ва Хач” ягон маънои бад надоранд, ва ба ягон халқи тоҷик, узбек ва дигару дигарон низ таалуқ ҳам надоранд. Калимаи Чурка ин нон аст, ва калимаи Хач бошад Крест мешавад.
Аз ҳамин сабаб ман аз шумо хоҳиш мекунам ки, ба ин калимаҳо диққати ҷидди надиҳед, ба таври оромона ба худ қабул кунед. Хусусан ба халқи тоҷик ин калимаҳо ягон таалуқе надоранд, он нафаре ки ин калимаҳоро ноҷо истифода мебарад ӯро донишаш кам аст, ба у аҳамият надиҳед ва танҳо одобу рафтори дурусти худро нишон диҳед.
Мо тоҷик ҳастем, мо халқи бузург ҳастем. Гузаштагони мо бо маданияту донишманд буданд. Пас биёед мо ҳам аз паси омухтани дониш мешаваему дар оянда номи Тоҷикистонро ба боло мебардорем.
Ватани худро дуст доред, бо гузаштагони худ фахр кунед, ва донед ки Тоҷикистон шуморо интизор аст.
Дар барномаҳои оянда дар кадом мавзуъ мехоҳед ки мо суҳбат кунем? Дар комментарияҳо бинависед.