Меню Закрыть

Маҳаллаи «9 км» дар шаҳри Душанбе

Имрӯз маҳаллаи маъруфи “9 км” яке аз минтақаҳои серодам ва фаъолтарини шаҳри Душанбе ба шумор меравад. Ин ҷо бо бозору марказҳои савдо, истгоҳҳои нақлиёт ва дигар иншооти муҳими инфрасохторӣ муҷаҳҳаз буда, нақши муҳим дар ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳр дорад.

Гарчанде номи расмии ин мавзеъ дигар бошад, дар байни сокинон ва ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ он маҳз бо номи “9 км” машҳур аст.

Ин номгузорӣ ба даврони Шӯравӣ бармегардад, замоне ки маркази шаҳр нуқтаи асосии ҳисоб мешуд ва масофаи маҳаллаҳо аз он муайян мегардид.

Маҳаллаи “9 км” низ дар масофаи тақрибан 9 километр аз марказ ҷойгир буда, аз ҳамон давр то имрӯз бо ҳамин ном боқӣ мондааст.

ХАБАРҲОИ ДИГАР