Санаи 13-уми майи соли 2024, тақрибан соати 21:00, ҷавондухтари сокини шаҳри Душанбе, ба суроғаи электронии мақомоти милитсияи пойтахт муроҷиат намуда, ки дар кӯчаи Н.Муҳаммад, назди собиқ бозори «Шоҳмансур», ду ҷавонписар ӯро дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафи ӯро паст задаанд.
Дар натиҷа, бо гузашти ҳамагӣ чанд соат аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони гумонбар муайян ва дастгир карда шуда, ба Шуъбаи корҳои дохилӣ дастрас карда шуданд.Яке аз онҳо Маҳмадуллозода Абубакр, санаи таваллудаш 11.12.2004 ва дигарӣ ноболиғ Ғоибов А. мебошанд. Дастгиршуда Маҳмадуллозода Абубакр дар ҳолати мастӣ қарор дошта, дар макони ҷамъиятӣ нисбати ҷавондухтари муроҷиаткунанда чунин амали зиштро раво дидааст.Ҳоло онҳоро тибқи талаботи моддаи 463 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нӯшидани машруботи спиртӣ, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карданд.
Манбаъ: Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе