Меню Закрыть

Муҳоҷирон эҳтиёт бошед! Амалиёти «Нелегал-2024»

Вазорати корҳои дохилии Русия ба марҳилаи дуюми амалиёти “Нелегал-2024” (муҳоҷир ё шаҳрванди хориҷии ҳузураш ғайриқонунӣ) оғоз намуд. Дар ҷараёни он ҷиҳати ошкор сохтани муҳоҷирони корие, ки ғайриқонунӣ дар Русия қарор доранд, дар ҳамаи минтақаҳои ин кишвар рейдҳо гузаронида мешаванд. Қонуншиканон ба ҷавобгарӣ ҷалб шуда, бархе аз қаламрави кишвар ихроҷ мешаванд.

Бисёре аз ВАО ва шабакаҳои иҷтимоии Русия аллакай, аз натиҷаҳои санҷиш дар рӯзҳои аввали амалиёт хабар медиҳанд. Ба ин тариқ, дар Санкт-Петербург рейди бузургмиқёси пулис доир гардида, дар ҷараёни он 1,5 ҳазор қонуншиканиҳо дар соҳаи муҳоҷират ошкор шудааст. Кормандони пулис дар навбати аввал ба ҷойҳои кории муҳоҷирон: иншооти саноатӣ, майдони сохтмон ва корхонаҳои хӯроки умумӣ таваҷҷуҳ кардаанд.

Якчанд ҳазор мутахассисони хориҷӣ мавриди санҷиш қарор гирифтанд. Аксарияти қонуншиканон реҷаи муқарраршудаи будубош дар қаламрави Русияро риоя накарда, амалан қайди қалбакӣ доштаанд.

Ғайр аз ин, муайян карда шудааст, ки даҳҳо муҳоҷирон ғайриқонунӣ — бидуни патенти дахлдор кор мекардаанд. Онҳо ҷиҳати баррасии масъала ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудан ба шуъбаҳои пулис бурда шудаанд.

Дар натиҷа нисбати қариб 200 хориҷиён аз ҷониби додгоҳ дар бораи ихроҷи маъмурӣ ва дар аксари ҳолатҳо — ихроҷи маҷбурӣ қарор қабул шудааст. Ин шахсон дар маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ ҷойгир карда шуданд.

Дар Краснодар 260 хориҷиёни машғули кор дар сохтмон ба шуъбаи пулис бурда шуда, 8 нафар аз онҳо барои риоя накардани реҷаи будубош дар қаламрави кишвар ва кори ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудаанд.

Мақомоти пулиси Самара дар ҷараёни чорабиниҳо зиёда аз 400 қонуншиканиҳои маъмурӣ ва 15 ҷиноятроо дар соҳаи муҳоҷират ошкор намуда, дар натиҷа 119 нафар хориҷиён ихроҷ карда мешаванд. Дар бораи ихроҷи маъмурӣ 76 қарор ва манъи вуруд ба қаламрави Русия 40 қарор қабул шудааст.

Кормандони пулиси вилояти Маскав дар майдони сохтмони маҷмааи манзилҳо нисбати 40 муҳоҷир санадҳои маъмурӣ тартиб дода, ҳар кадоме аз қонуншиканон ба маблағи 5 ҳазор рубл ҷарима ва минбаъд аз қаламрави кишвар ихроҷ мешаванд. Манбаъ «Азия-Плюс».

ХАБАРҲОИ ДИГАР