Як муштарӣ аз Маскав, ки дар маҷмааи истиқоматии бизнес-класс зиндагӣ мекунад, аз дидани як гурӯҳи кулли муҳоҷирон дар боми хонааш ҳайрон шудааст.
Салом, ман дар Маскав дар маҷмааи нави истиқоматии бизнес-класси «Крылья» зиндагӣ мекунам. Мехостам бидонам, ки ин муҳоҷирон дар боми мо дар кадом асос зиндагӣ мекунанд ва аз нерӯи барқ ва пардохтҳои коммуналии мо истифода мебаранд?! Мо аллакай аз мубориза бо ин хаста шудаем, Кодекси ҷиноятӣ ба шикоят аҳамият намедиҳад.
Менависад истиқоматкунандаи хона.
Дар акси охирин бошад шумо дар қуттиҳо равғанро намебинед, ин ҳамааш пешоб аст. Ҳатто тасаввур кардан душвор аст, ки ахлотҳояшонро да куҷо холи мекарда бошанд?! — ҳайрон аст шоҳиди ҳодиса.
Дар асл, муҳоҷирони мӯҳтарам, худро ҳурмат кунед ва кӯшиш намоед, ки дар бомҳо ва таҳхонаҳо зиндагӣ накунед, ин ғайриқонунӣ аст. Ва ҳамчунин ба ҳамагуна одамон иҷозати худро ба навор гирифтанро низ надиҳед.