Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонуни наверо мавриди баррасӣ қарор додааст, ки ворид шудани муҳоҷирони қаблан судшударо ба ин кишвар манъ мекунад. Лоиҳаи мазкурро Бошқирдистон ба Дума пешниҳод кардааст.
Палатаи поёнии парлумони Русия алакай лоиҳаи қонуни навро ҷонибдорӣ намуда, андешаҳои худро дар ин бора изҳор доштааст. Вакилони палатаи поёнии парлумон бар он назаранд, ки лоиҳа ба Конститутсияи Русия мухолиф нест.
Тибқи лоиҳаи нави қонун муҳоҷирони меҳнатие, ки ҷиноятҳои вазнин содир намудаанд, минбаъд ба қаламрави Русия роҳ дода намешаванд. Ба иттилои “Ъ-Уфа» ин қонун ба қонунҳои федералии Русия “Дар бораи тартиби вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ ба Федератсияи Русия ва “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия” тағйирот ворид менамояд.
Муллифони лоиҳа пешниҳод кардаанд, ки минбаъд ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа, ки дар қаламрави Русия ё кишварҳои дигар ҷиноятҳои вазнин содир намуда, суд шудаанд, иҷозати ба сарзамини Русия ворид гаштан, дар ин кишвар зиндагӣ кардан, таҳсил намудан ва кор кардан дода нашавад.
Дар сурати қабул шудани ин қонун шахсони доғи судӣ дошта минбаъд наметавонанд барои ба таври қонунӣ дар қаламрави Русия зиндагӣ кардан иҷозатномаи муваққатии зист — РВП ё иҷозаи зист — ВНЖ бигиранд. Ба муҳоҷирони доғи судӣ дошта барои таҳсил кардан дар донишгоҳу донишкадаҳои олии Русия ё кор кардан дар ин кишвар иҷозат дода намешавад.
Муаллифон лоиҳаро шарҳ дода, гуфтаанд, ки ба шахсони барои куштор, таҷовуз ба номус, дуздӣ, авбошӣ, амалҳои террористӣ ва дигар ҷиноятҳои вазнин судшуда набояд иҷозати дар Федерастсияи Русия зиндагӣ кардан, таҳсил намудан, кор кардан ва умуман ворид шудан ба хоки кишвари рус дода шавад. Шаҳрванди хориҷӣ сафед карда шуда бошад ҳам, тибқи ин қонун ба ӯ барои ворид шудан ба Русия иҷозат дода намешавад.
«Мо ин лоиҳаро ба хотири ором шудани авзои кишвар пешниҳод намудем, зеро шумораи ҷиноятҳое, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия содир карда мешаванд, сол то сол зиёдтар шуда истодааст”,- гуфтааст спикери Қурултойи Бошқирдистон Константин Толкачев.