Овозхони ҷавони тоҷик Некрӯз Ниёзов дар Душанбе даргузашт. Ӯ 27-сола буд.
Наздикони овозхон ба расонаи «Азия-Плюс» хабар додаанд, ки Некрӯз дар натиҷаи як садамае вафот кардааст.
Дар маҳаллаи гардиши фурудгоҳ, дар наздикии тарабхонаи «Боми Ҷаҳон», ки дар онҷо Некрӯз қарори мулоқот доштааст рӯзи 21-уми сентябр соати 22:40 ин ҳодисаи нохуш рӯх додааст.
Тибқи як тахмин, вақте овозхон аз мошин берун мешуд, як мошини тамғаи «Лексус» бо суръати баланд ба болои ӯ ҳаракат кардааст ва ронанда аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.
Менависад Азия-Плюс
Яке аз ронандагони таксӣ ба кумаки овозхон омада, Некрӯзро ба бемористон бурдааст, аммо аллакай дер шуда буд.
Гуфта мешавад, ки овозхон дар Помир ба хок супурда мешавад.
Dushanbe Police чунин менависад:
Санаи 21 сентябри соли 2023, тахминан соати 22:30 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Lexus RX350», рақами қайди давлатиаш 4800СС01, шаҳрванд Файзулло Комёб, санаи таваллудаш 05.04.2005, зода вa истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кучаи А.Навоӣ, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи А.Дониш, аз самти кӯчаи С.Айнӣ ба самти кӯчаи Д.Халқҳо, дар рӯ ба рӯи бинои «Маркази миллии ташхиси озуқаворӣ» ба автомашинаи тамғаи «Lexus RX350» 1981WM01, таҳти идораи Аҳтамзода Оятулло Хушбахт, санаи таваллудаш 11.09.2004, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев бархурдааст.
Ҳамзамон пиёдагарди дар канори роҳ қарор дошта, шаҳрванд Ниёзов Некрӯз, соли таваллудаш 1995-ро пахш намудааст.
Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхонаи «Шифобахш» дастрас карда шуда, бистарӣ мегардад. Мутаассифона субҳи санаи 22-юми сентябр номбурда ба ҳалокат мерасад.
Айни замон вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.