Меню Закрыть

Оғози насби «радар»-ҳо дар Душанбе. Беш аз 6 ҳазор адад.

Дар шаҳри Душанбе насби суръатёб (радар)-ҳои худкор оғоз шудааст, ки 19 намуди қоидавайронкунӣ аз ҷониби ронандаҳоро ба навор гирифта, ба пойгоҳи ягона ирсол мекунад. Чунин таҷҳизот дар роҳҳои Душанбе ва гирду атрофи он беш аз 6 ҳазор адад насб мешавад. Дар ин бора аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) дар шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Давоми чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯйхати чанд макони пойтахт ва гирду атрофи он нашру паҳн гардид, ки ба гуфтаи корбарон, дар онҳо суръатёби худкор насб мешавад ва қоидавайронкунии ронандагонро ба навор гирифта, дар як пойгоҳ ҷамъ меорад.

Давоми чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯйхати чанд макони пойтахт ва гирду атрофи он нашру паҳн гардид, ки ба гуфтаи корбарон, дар онҳо суръатёби худкор насб мешавад ва қоидавайронкунии ронандагонро ба навор гирифта, дар як пойгоҳ ҷамъ меорад.

Ба гуфтаи манбаъи мо, ҳадафи насби таҷҳизот таъмини бехатарии ҳаракат дар ҷодаҳо, кам кардани кормандони БДА ва ҳамин тариқ коҳиши дахолати инсонӣ дар ҳаракати нақлиёт мебошад.Чанде пештар Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон фармонеро ба имзо расонид, ки дар асоси он 30 дарсади кормандони БДА ихтисор карда мешаванд. Иҷрои ин фармон оғоз шудааст ё не, ҳоло маълум нест. Дар гузашта президент фаъолияти БДА-ро интиқод карда, роҳбари онро иваз карда буд.

Чанде пештар Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон фармонеро ба имзо расонид, ки дар асоси он 30 дарсади кормандони БДА ихтисор карда мешаванд. Иҷрои ин фармон оғоз шудааст ё не, ҳоло маълум нест. Дар гузашта президент фаъолияти БДА-ро интиқод карда, роҳбари онро иваз карда буд.

Суръатёб дар чорроҳаҳо, терминалҳои мусофиркашонӣ, истгоҳҳо, даромадгоҳҳои шаҳр ва ҷойҳое, ки равуои маошинҳо зиёд аст насб мешаванд. Шумораи умумии онҳо танҳо дар пойтахт зиёд аз 6 ҳазор мебошад. Ин таҷриба дар дигар минтақаҳои кишвар истифода мешавад ё не, маълум нест.

“Онҳо 19 намуди қоидавайронкуниҳои ҳаркат дар роҳро ба қайд мегиранд. Ин қоидавайронкуниҳо аз набастани тасмаи бехатарӣ, таваққуф дар роҳи дуввуму сеюм, баромадан ба самти муқобил, халал расонидан ба дигар воситаҳои нақлиёт, таваққуф дар назди истигоҳҳо, ки ба нақлиёти ҷамъиятӣ монеъ эҷод мекунанд ва ғайра, иборат аст. Ҳоло танҳо корҳои насби таҷҳизот идома дорад. Вақте ҳамаи камераҳо насб шуд, баъд ба фаъолият оғоз мекунад. Шояд корҳои насбу пайвасткунӣ як сол ё зиёдтарро дар бар гирад”, — гуфт ҳамсуҳбати мо аз БДА-и шаҳри Душанбе.

Вале як манбаъи дигар аз БДА гуфт, ҳудуди 10 адади он ба таҷҳизоти марказӣ пайваст буда, ба таври санҷишӣ фаъолият доранд.

Манбаъ: Азия-Плюс.

ХАБАРҲОИ ДИГАР