Меню Закрыть

Оё муҳоҷирон дигар пули фарзанд (маткапиталь) намегиранд?

Дар Русия пардохти сармояи модарӣ (маткапиталь) танҳо барои кӯдаконе, ки аз рӯи таваллуд шаҳрвандии Русия доранд, ҷорӣ карда мешавад. Лоиҳаи қонуни дахлдор аллакай дар Думаи давлатӣ дар хониши дуюм қабул шудааст.

Муҳоҷирон дигар наметавонанд сармояи модариро талаб кунанд. Дар Думаи давлатӣ дар хониши дуюм лоиҳаи қонуне қабул шуд, ки танҳо ба кӯдаконе, ки аз рӯи таваллуд шаҳрвандии Русияро доранд, ҳаққи пардохтро медиҳад.

Кӯдакон шаҳрвандии Русияро аз рӯи таваллуд мегиранд, агар ҳарду волидайн шаҳрванди Русия бошанд, инчунин агар яке аз волидайн шаҳрвандии Русия дошта бошад ва дигаре надошта бошад, вале кӯдак дар Русия таваллуд шудааст. Ҳамин тариқ, қонуни нав бояд муҳоҷиронро аз имкони истисмори низоми сармояи модарӣ маҳрум созад.

Лоиҳаи қонун дар моҳи августи соли ҷорӣ ба Думаи давлатӣ пешниҳод шуда буд. Дар моҳи ноябр аллакай пешниҳоди аввали ин лоиҳаи қонунро қабул карда буданд. Ва меъёри нав бояд аз 1 январи соли 2024 эътибор пайдо кунад.

ХАБАРҲОИ ДИГАР