Падари Фаррух аз дунё гузашт

Блогери тоҷик бо номи Фаррух, ки ҳама уро дар инстаграи ҳамчун Фаррух_ОО мешиносанд наворе гузошт, ки дар он мегӯяд Падараш аз дунё гузаштааст.

Дар навори гузоштааш Фаррух бо чашмони пур аз ашк аз мардум хоҳиш дорад, ки дигар уро аз падараш дашном накунанд, чунки Падараш мурдаасту худаш бошад ятим гаштааст.

ВИДЕО ДАР ТЕЛЕГРАМ

Аз байн чанд муддате гузашта дар сториси инстаграмаш аксеро гузошта навиштаанд, ки худи Фаррух муддате дар инстаграм пайдо намешавад, чунки ба хонаи падараш рафтааст.

Аммо дере давом накарда боз дар сторисаш акси наверо гузошта менависанд, ки агар ба шумо реклама лозим бошад зуд муроҷиат намоед. Чунки дар ин вақту соат активи Фаррух бо сабабҳои ба ҳама маълум баланд мегардад. Ҳама сторисҳои уро пайгирӣ мекунанд, ки оё хабари марги падараш рост аст ё дурӯғ.

Пештар бисёр ҳолатҳое буданд, ки Фаррух бо гиряву нола мегуфт, ки уро задаанд, аммо пасон муайян гаштааст, ки ҳамааш дурӯғ будааст. Аз ҳамин сабаб баъзе аз мардумон дар дилашон шубҳа низ доранд.

Аммо шухӣ кардан дар ин мавзуъ магар раво аст?! Албатта ки не, аз ҳамин сабаб мо ба суханҳояш бовар карда ба худи Фаррух сабри ҷамил хоҳонем. Бигзор Худованд хонаи охирати падарашро ҷаннат бигардонад.