Арзиши патент барои муҳоҷирон дар Маскав соли 2025 тақрибан 20% зиёд гардида, 8900 рублро ташкил медиҳад. Дар ин бора шаҳрдори пойтахти Русия Сергей Собянин хабар додааст.
“Имрӯз пардохти моҳонаи патент 7500 рублро ташкил медиҳад, аммо аз 1-уми январ он 8900 рубл мешавад”,- гуфт шаҳрдори Маскав. Ба гуфтаи ӯ, ин тадбир имкон медиҳад, ки хароҷоти корфармоён барои муҳоҷирон ва шаҳрвандони Русия баробар шавад.
Бояд гуфт, ки дар назар аст аз соли нав арзиши патент тақрибан дар ҳамаи минтақаҳои Русия боло равад. Аз ҷумла, дар Санкт-Петербург арзиши патенти меҳнатӣ аз 4600 то 6 ҳазор рубл дар як моҳ зиёд мешавад.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти вилояти Нижегородка эълон кардааст, ки додани патент ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз соли нав дар ин минтақа қатъ карда мешавад.