Дар Фарғона як фурӯшандаи мағоза писарбачаеро дастгир кард, ки аз пештахтаи мағозаи ӯ мева дуздид. Писарак ин амали худро бо он шарҳ додааст, ки пул надорад ва барои модараш мева медуздад.
Дар ин ҷо ба вазъият корманди БДА дахолат кард. Ӯ барои писарак аз фурӯшанда бештар мева хост ва аз ҷайби худаш пул дод, ҳамзамон фаҳмонд, ки дуздӣ аз мағоза нодуруст аст.