Дар наворе, ки ба мо равон кардаанд дида мешавад, ки як зан ба назди дари троллейбус омада аз ронанда пурсидааст, ки чаро ронанда ӯро дашном додааст?! Дар натиҷа ронанда хоҳиш мекунад, ки ӯро ба навор нагирад, ки зан дар ҳолати хашм буда рад мекунад ва наворашро давом медиҳад. Ронанда дарҳои троллейбусро пӯшонида аз ҷои ҳодиса меравад.
Зане, ки наворро равон кардааст чунин менависад:
Ассалом, ина ҳами троллейбуси 9 манъ кардам. Ходша суст кардай. Ман занак қати ду кудаки майда чи хел медавам, дар даруни троллейбус мепарам? Охир ҳақорат кард. Газа чиқиду рафт. Дар такси шишта, дар дигар остановка дарёб кардамша. Гапам назад, бо газа чиқида рафт. Ҳодиса имруз дар назди остановкаи комбинати шир соати тақрибан 11:15 рӯх дод. Аз шумо умед дорам, ҳамин видеора партоен ва чунин бетарбияҳора аз кор гиран, то қати одамо гап задана ёд гиран.
Менависад зани ҷабрдида.
Наворро бо диққат тамошо карда хулосаи худро бароред.