Субҳи имрӯз дар Ҳисор, дар болои кӯпрук, яку-якбора тақрибан 10 автомашинаҳои тамғаҳои гуногун ба садама дучор шудаанд.
Ин нишонаи он аст, ки фасли зимистон омадааст ва заминҳо ях бастаанд, ғайр аз ин боз бо эҳтимоли зиёд, садама бинобар бо тумани ғафс баста шудани роҳҳо ба вуқуъ омадааст.
Шумораи осебдидагон ҳоло аниқ нест, аммо шоҳидони ин ҳодиса мегӯянд, ки мусофирони микроавтобуси тамғаи Газелро ба беморхона интиқол додаанд. Дар роҳ эҳтиёт бошед ронандагони азиз!