Аксҳо аз ҷои ҳодисаи садамаи бениҳоят вазнине, ки дар шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд рӯзи 27 декабр, тақрибан соати 11:40 дақиқа рӯх додааст.
Дар натиҷаи садамаи мудҳиш автомашина тамғаи «Опел Караван» қисми қафояш канда шуда худаш ба ҷӯйбор меафтад.
Мутаассифона аз намуди автомашина дида мешавад, ки шояд ронанда осеби бениҳоят вазнине бардошта бошад ва ҳатто ҳалок гаштааст?! Айни ҳол муайян нест.
Аммо автомашинаи тамғаи «Тико» бошад ба замин ҳамвор шудааст, шояд ҳамон мошини боркаши дар қафо буда ба болояш баромада чаппа шуда бошад?!
Чуноне, ки мебинем ҳангоми чунин осеб дидани автомашина зинда мондани ронанда номумкин аст.
Аммо ба ҳар ҳол аз Худованд умедвори онро мешавем, ки талафоти ҷони набошад ва ё ҳадди ақал камтар бошад.
Маълумот пурра карда мешавад.