Меню Закрыть

Сарояндаи тоҷик барои дашномҳояш дар интернет дастгир шуд. Видео

Дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон, Хайракова Ганҷина Ҷамшедовна, сокини 28-солаи ноҳияи Кӯшониён, аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар ш.Душанбе дастгир карда шуд.

Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда ҳангоми пахши мустақим дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дашному алфози қабеҳ суханронӣ намуда, нисбати дигар шаҳрвандон беэҳтиромӣ зоҳир намудааст.

Ин наворро аз 18 сола боло тамошо кунед!

Айни замон нисбати Хайракова Г. маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуд.

Хотиррасон мекунем, ки ӯ бо тахаллуси Ганҷинабону суруду клипҳои зиёде дорад ва соҳиби мухлисони худ низ ҳаст. Беҳад духтараки зебо бо садои форам мебошад, аммо муттаассифона чунин дашномҳо ба духтари тоҷик дуруст намеояд. Умедворем, ки дар оянда боодобу хушрафтор мешавад.

ХАБАРҲОИ ДИГАР