Дар Бразилия се марди ҳамҷинсгаро бо ҳам издивоҷ карданд ва онро «тӯйи полиморӣ» яъне ҳаматарафа номиданд.
Се мард зиёда аз 5 сол бо ҳам зиндагӣ мекунанд ва тасмим гирифтанд, ки аз ақидаҳои анъанавӣ дар бораи издивоҷ берун оянд. Онҳо издивоҷ карданд ва ин рӯйдодро «тӯйи полиаморӣ» яъне ҳаматарафа номиданд ва ба ҷаҳон намунае пешкаш карданд, ки муҳаббат ҳеҷ сарҳад ё стереотипҳоро намедонад.
Ин тӯй рамзи таҳаммулпазирӣ ва ошкорбаёнӣ дар ҷомеаи муосир шудааст. Се мард, ки ҳар як шахсият ва сифатҳои хоси худро доранд, тасмим мегиранд, ки бидуни тобеъ шудан ба меъёрҳо ё маҳдудиятҳои ҷомеа муҳаббати худро бо ҳамдигар мубодила кунанд. Тасмими онҳо дар бораи таъсиси оила дар муносибатҳои полиаморӣ изҳори эътиқоди онҳо ба он буд, ки муҳаббат метавонад гуногунҷанба ва бой бошад, бидуни қоидаҳо ва таърифҳои қатъӣ.
Чигуна чунин рафтори ахмақона ба фикрашон омадааст номаълум. Аммо бояд бидонем, ки ин аз рӯи ахлоқ умуман дуруст намеояд.