Меню Закрыть

Шикояти мардуми рус ба ронандае, ки забонро намедонад. Видео

Як ронандаи муҳоҷир, ки забони русиро базӯр медонист, аз қабули пардохт тавассути терминал сарпечӣ кард ва вақте ба ӯ гуфтанд, ки қонуншиканӣ мекунад, дар роҳ истода автобусро наронд.

Ронандаи автобуси рақами 197 аз ҳамаи мусофирон, ки ба автобус савор мешаванд, талаб кардааст, ки ҳақи роҳкироро тариқи пули нақд ё интиқол ба корт пардохт кунанд. Терминали махсусе, ки тариқи корти бонки пардохт мекунед пинҳон кардааст. Нисбати ин рафтори ронанда мусофирон, ки ҳамаашон мардуми рус будаанд норозигии худро баён кардаанд.

Ронанда микроавтобусро дар байни роҳ манъ карда аз ҳаракат дасткаши кард, ҳол он ки мусофирон пас аз кор монда шуда ба хона мерафтанд, ва ба ӯ гуфтанд, ки ин амали ӯ қобили қабул нест.

Шикояти мардуми рус ба ронандае, ки забонро намедонад

Муҳоҷирони мӯҳтарам, аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки дар давлати бегона қонуну қоидаҳои онро риоя намоед. Аз чунин рафтор ба мисли ин ронанда худдорӣ намоед, чунки ин ҳам қонунвайронкунӣ аст ва ҳам шаъну шарафи миллати муҳоҷирро паст мезанад. Ин ронанда маълум аст, ки ба тоҷики ҳарф намезанад ва ӯ тоҷик нест, аммо бештари мардуми рус ин чизро сарфаҳм намераванд ва дар назарашон тамоми муҳоҷирон чунин менамоянд. Илтимос, дар мулки бегона одобу рафтори худро дуруст кунед.

ХАБАРҲОИ ДИГАР