Меню Закрыть

Танкаи Душанбе кӯчид

Дар шаҳри Душанбе болотар аз коргоҳи маъруф ба “Текстил” танке ҷойгир буд, ки ҳамчун рамзи ғалабаи Шӯравӣ бар фашизм гузошта шуда буд ва аз ин рӯ, ин макон ҳам миёни сокинону меҳмонони пойтахт бо номи “Танка” маъруф аст.

Масъулини Раёсати меъморӣ ва сохтмони Душанбе зимни сӯҳбат ба расонаҳо гуфта буданд, дар ҷойи муҷассама роҳи дутабақаи мошинрав сохта шуда, пешниҳод шудааст, ки танкро ба “Боғи Ғалаба” баранд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксе нашр шуд ки ин танкаро аз ҷояш гирифта истодаанд. Ба ҷои танка ин ҷо пули чандошёна ё ба истилоҳ эстакада бунёд шуда, танка ба ҷойи дигар мекӯчад.

ХАБАРҲОИ ДИГАР