Мақомоти Тоҷикистон барои муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯёне, ки мехоҳанд ба Русия раванд, баъзе қонунҳои нав қабулшудаи ин кишварро шарҳ дода, бархе тавсияҳоро ироа намуда, ҳамзамон хостааст, ки дар сурати бо мушкил мувоҷеҳ шудан ба намояндагиҳои Тоҷикистон дар гӯшаҳои гуногуни Русия муроҷиат намоянд.
Ба иттилои манбаъ, муҳлати будубоши муваққатӣ дар Русия аз 1-уми январ то 31-уми декабри соли 2025 дар давоми як сол 90 рӯзро ташкил медиҳад. “Аз нав барқарор кардан”-и муҳлати будубош бо роҳи баромадан аз сарҳад имконнопазир мешавад.
Аз ин рӯ, ВКД Тоҷикистон навиштааст, шаҳрвандони кишвар ҳангоми интихоби манзил бояд пешакӣ эҳтиёт кунанд ва худро маҳз дар ҳамон ҷое, ки мехоҳад зиндагӣ кунад, ба қайд гузоранд.
Ҳамзамон, барои донишҷӯёни тоҷик тавсия додааст:
- пас аз ворид шудан ба Русия ва дохил шудан ба муассисаи таълимӣ, бояд пешакӣ барои тамдиди муҳлати будубош кӯшиш кунанд;
- бояд барои нигоҳ доштани эътибори сабти муҳоҷирати дар ҷойи истиқоматашон кӯшиш кунанд.
- Бояд гуфт, ки муддатест донишҷӯёни тоҷике, ки ҳатто тариқи бурсия (квота) дар Русия таҳсил доранд, бо мушкилоти гуногун рӯбарӯ ва ҳатто аз ин кишвар ихроҷ мешаванд.
Барои шаҳрвандони Тоҷикистон:
Ҳуқуқи фаъолияти меҳнатӣ доранд, агар:
- Патент гиранд;
- Пардохти саривақтии патентро анҷом диҳанд;
- Патентро на дертар аз 2 моҳ аз рӯзи додани огоҳиномаи меҳнатӣ пешниҳод кунанд.
Пас аз гирифтани патент бояд бо соҳиби манзил барои тамдиди муҳлати сабти муҳоҷират дар маҳалли будубош муроҷиат намоянд.
Барои гирифтани патент, коргарони хориҷӣ бояд чаҳор расмиёти ҳатмиро гузаранд:
- Сабти давлатии изи ангушт;
- Аксбардорӣ;
- Муоинаи тиббӣ;
- Супоридани имтиҳон аз:
- — забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ;
- — таърихи Русия;
- — асосҳои қонунгузории Русия.
Огоҳии ВКД ба шаҳрвандони Тоҷикистон
Шахсони қонунвайронкунанда ба “рӯйхати назоратӣ” дохил карда мешаванд ва ба онҳо амалҳои зерин манъ мегардад:
- бе иҷозати мақомот ҷойи истиқоматро иваз кардан;
- берун аз ҳудуди субъекти ФР сафар кардан;
- харидории молу мулк ва воситаҳои нақлиёт;
- издивоҷ;
- таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкории инфиродӣ;
- кушодани суратҳисоби бонкӣ;
- гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ;
Ғайр аз ин, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия мераванд, бояд дар давоми 30 рӯз аз:
- бақайдгирии изи ангушт;
- аксбардорӣ;
- муоинаи тиббӣ;
- имтиҳони забони русӣ;
- имтиҳони таърихи Русия;
- имтиҳони асосҳои қонунгузорӣ гузаранд.
Ҳушдор: боиси бозхонди патент мегардад
Аз 7 январи соли 2024 ҳар як муҳоҷир бояд дар бораи ба кор қабул шуданаш ба мақомоти корҳои дохилии Русия огоҳинома пешниҳод намояд. Пешниҳод накардани огоҳинома боиси бозхонди патент мегардад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд барои маълумот ба Раёсати муҳоҷират бо рақамҳои 250-32-40 ва 250-32-09 муроҷиат кунанд.
Намояндагони расмии Тоҷикистон дар минтақаҳои зерин фаъолият мекунанд:
Минтақаи марказӣ (вилояти Москва)
- Азимӣ Дилрабо Амиркул + 7 (495) 967-98-44 prmstj@mail.ru
- Вализода Назарали Нурали +7 (967) 271-02-02 prmstj@mail.ru
- Холназаров Ромиш Имомназарович +7 (929) 540-88-88 prmstj@mail.ru
- Зарифов Бахтиёр Тугайевич +7 (495) 967-98-44 .prmstj@mail.ru
- Дустов Комрон Сайдахмадович+7 (988) 676-00-00 prmstj@mail.ru
- Амирхонзода Субхон Бахрон +7 (966) 031-22-22 prmstj@mail.ru
- Холов Довар Мирзоёрович +7 (936) 174-19-92 prmstj@mail.ru
Минтақаи Урал ва Сибир
Юсуфалиев Баҳром Равшанхонович +7 (929) 388-54-11 bahrom.yusufaliev1972@mail.ru
Минтақаи Приволжск
Курбонализода Зафар Курбонали +7 (926) 311-52-53 zafarmuhojirat@mail.ru
Минтақаи шимолу ғарбӣ (Санкт-Петербург)
Джонмахмадов Фурузон Фархудинович +7 (977) 963-25-69 jonmahmadovfuruzon@gmail.com
Минтақаи Ҷануб (Краснодар)
Мирзозода Хуршед Насриддин +7 (996) 120-77-77 hursedm129@gmail.com