Дар шаҳри Якутск, пойтахти ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) дар минтақаи Сибири шарқии Русия як ҷавони 18-солаи зодаи Тоҷикистонро, ки шаҳрвандии Русия доштааст, бо иттиҳоми куштани як марди 26-солаи маҳаллӣ дар пайи муноқиша дар як клуб шабона дастгир кардаанд.
Одамкушӣ рӯзи 21 январ рух дода, ин ҷавон ва шариконашро ҳанӯз рӯзи 22 январ дастгир карданд. Вале ин қазия рӯзи 24 январ, дар пайи дар майдони Ленин дар маркази Якутск дар як митинги бидуни иҷозат гирди ҳам омадани тақрибан 500 сокини маҳаллӣ расонаӣ шуд.
Мақомот аз мардум хостанд, ки пароканда шаванд. Аммо мардуми ҷамъомада бо ишора ба муҳоҷирон мегуфтанд: «Мо онҳоро ғам намедодем. Чаро онҳо чунин рафтор мекунанд?” Баъди чанд соати тазоҳурот дар ҳавои то –30 дараҷа сард издиҳом батадриҷ пароканда шуд.
Моҷаро аз муноқишаи шаби 20 январи ин ҷавони тоҷик бо як ҷавони маҳаллии 23-сола дар клуби шабонаи “Мята” оғоз ёфтааст. Ҷавони маҳаллӣ рӯзи 21 январ суроғаи ҷавони тоҷикро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо карда, барои идомаи ҳисобукитоб, ё “разбор” ҳамроҳи чанд рафиқаш ба ҷои зисти ӯ рафтааст. Байни ҷавонон ҳангоми “разбор” занозанӣ ба амал омадаст ва 3 нафар, аз ҷумла он ҷавони 26-солаи зодаи Нам, корд хӯрдаанд. Зодаи Нам дар бемористон ҷон дод, бақияро пулис дастгир кардааст.
Раҳбари ҷамъияти тоҷикони Ёқутистон Ҳодӣ Оев дар пайи ин куштори пурсарусадо ба аҳли хонаводаи сокини маҳаллии кушташуда изҳори ҳамдардӣ кард ва аз сокинони ҷумҳурӣ хост, то “аз рӯи як нафар ва рафтори ӯ ба тамоми халқи тоҷик баҳо надиҳанд”.