Меню Закрыть

Тоҷикони душаҳрвандӣ бе «заграни руси» парвоз кардан наметавонанд

Агар қаблан афроди дорои душаҳрвандӣ ҳам бо шиносномаи хориҷии Русия ва ҳам бо шиносномаи хориҷии Тоҷикистон имкон доштанд, ки аз Русия парвоз кунанд, акнун онҳо метавонанд танҳо бо истифода аз шиносномаи хориҷии Русия чипта бихаранд.

Биёед мефаҳмонем, ки чӣ ҳодиса рӯй дод.

Тибқи қонун, агар шумо шаҳрвандии Русия (ва дигар, масалан, Тоҷикистон) дошта бошед, пас бо иқомати доимӣ дар Русия шумо, пеш аз ҳама, шаҳрванди Русия ҳисобида мешавед.

Шаҳрванди Русия ҳангоми баромадан аз кишвар бояд шиносномаи русии худро нишон диҳад.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки афроди дорои душаҳрвандӣ аз марзи Русия бо истифода аз шиносномаи хориҷии Тоҷикистон, нақзи қонун арзёбӣ хоҳанд шуд.

Шумо ҳам бо шиносномаи тоҷикӣ ворид шуда наметавонед. Дар шарҳи Сафорати Русия дар Тоҷикистон мустақиман гуфта мешавад, ки шиносномаи хориҷии Русия дар ҳама гузаргоҳи марзӣ — ҳам барои вуруд ва ҳам барои хуруҷ бояд пешниҳод карда шавад.

ХАБАРҲОИ ДИГАР